Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири БДА-ро латукӯб карданд ё ӯро мошин задааст?  


Мақомот мегӯянд, ҳодиса 13-уми октябр рух дод
Мақомот мегӯянд, ҳодиса 13-уми октябр рух дод

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки як нозири БДА-ро дар ноҳияи Мастчоҳ бо мошин задаанд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки корманди БДА дар қади роҳ афтида, як тарафи рӯяш сиёҳ шудааст. Корбарон навиштаанд, ӯро латукӯб карданд.  

Як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса 13-уми октябр дар ҳудуди ҷамоати Мастчоҳ рух додааст.

"Рӯзҳои ҷумъа дар ин ҷамоат бозор мешавад ва корманди БДА барои танзими нақлиёт ба онҷо рафтааст. Як ронанда аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо саркашӣ карда, мошинро якбора сахт ронда, нозири роҳро мезанад. Сокинони атроф фавран ба кӯмаки нозир шитофта, ӯро ба беморхона бурданд, аҳволаш ҳоло хуб аст,"-гуфт манбаъ.

Дар навори кутоҳе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки нозири БДА дар канори роҳ афтидааст ва фарёд мезанад, ки "мошини Зафираро қапед." Манзури ӯ зоҳиран нақлиёти "Опел-Зафира" аст. Дар навор садои бо суръат рондани як мошин ҳам шунида мешавад.

Маълум нест, ронандае, ки ин корро кард кӣ буд ва миёни ӯ ва нозири роҳ чӣ гузашт. Мақомот то ҳол қазияро расман шарҳ надодаанд.

Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Мастчоҳ гуфт, ронандае, ки корманди БДА-ро бо мошин зад, боздошт шудааст. Назари ӯ дар бораи ҳодиса маълум нест.

Пахши ин видео баҳсҳо дар бораи фаъолияти корманди БДА-ро дар Тоҷикистон доғ кард. Баъзеҳо аз кори нозирони роҳ интиқод карда, онҳоро барои гирифтани пора аз ронандагон танқид кардаанд. Аммо гуруҳи дигар навиштаанд, латукӯби нозири роҳ ҷиноят аст ва агар қонуншикание ҳаст, бояд расман шикоят кард.

XS
SM
MD
LG