Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нозири БДА дар садамаи маргбори Кӯлоб муттаҳам шуд. ВИДЕО


Ҳодиса дар ин ҷо рух додааст. Шаҳри Кӯлоб

Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи садамаи маргбори шаби 8-уми ноябр дар ин шаҳр оғоз кардааст, ки дар вуқӯи он нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) Аъзам Амиршоев муттаҳам аст. Мақомот гуфтанд, он шаб Қурбоналӣ Ҳакимов, сокини 44-солаи Кӯлоб, зери чархи мошини ин нозири БДА монда ва дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон додааст.

  • Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки Аъзам Амиршоев муваққатан аз кор гирифта шуда, ба суолҳои муфаттишон посух медиҳад. Аммо дастгир нашудааст.
Аз байни роҳ гузаштанӣ буд, ки мошин омаду зад. Давида ба наздаш рафтам, нозири БДА ҳам фаромад ва Қурбоналиро ба мошин бор кардем

Қаблан як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Аъзам Амиршоев “аз уҳдаи идораи мошин набаромада, Қурбоналӣ Ҳакимовро пахш кардааст”.

То ҳол Аъзам Амиршоев дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст,

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Сироҷиддин Султонов, ҳамкори Қурбоналӣ Ҳакимов, он шаб шоҳиди ҳодиса будааст. Ӯ мегӯяд, мошине, ки Қурбоналиро зер кард, суръати баланд дошт. “Аз наздикии бемористони дил баъзе маҳсулот харида, ба хона рафтанӣ будем. Ӯ гуфт, ки ҳамсараш дар хона нест ва бояд нон ҳам бигирад. Гуфтам, ки рав, ман туро мунтазир меистам. Аз байни роҳ гузаштанӣ буд, ки мошин омаду зад. Давида рафтам, нозири БДА ҳам фаромад ва Қурбоналиро ба мошин бор кардем, то ба бемористон барем”, - ба ёд овард Султонов.

Сироҷиддин Султонов
Сироҷиддин Султонов

Қурбоналӣ Ҳакимов дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳуш наомад ва ҷон дод. Пайвандонаш мегӯянд, ба мақомот расман шикоят карданд, ки гунаҳкори марги ӯ аз рӯи қонун ҷазо дода шавад.

Исмоил Ҳакимов, бародари Қурбоналӣ Ҳакимов, рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон чанд дафъа онҳоро даъват карда ва дар бораи ҳодиса ва бародари марҳумаш пурсидаанд. Ӯ гуфт, дар сурати каме диққат кардани ронанда мешуд аз марги бародараш ҷилавгирӣ кард.

Ҳоло мехоҳанд, бо ҷазо додани омили марги бародараш бори дигар масъалаи садамаҳои зиёд дар кишварро матраҳ карда ва ронандаҳоро барои эҳтиёткорӣ дар роҳҳои кишвар ҳушдор диҳанд.

Исмоил Ҳакимов
Исмоил Ҳакимов

Исмоил Ҳакимов дар лаҳзаҳои вуқӯи ҳодиса дар Русия буд ва баробари шунидани марги бародараш ба Кӯлоб омадааст. Ӯ гуфт, Қурбоналӣ Ҳакимов дар сохтмон кор мекард ва соҳиби 3 фарзанд аст, ки калониаш 11 сол дорад.

Зери чархи мошини нозири роҳ мондани Қурбоналӣ Ҳакимов дар ҳолест, ки дар гузашта чунин ҳодисаҳо бо айби кормандони мақомот ё наздикони онҳо рух дода буд ва аксаран омилони он ё беҷазо мондаанд ва ё бо муҷозоти сабуки маъмурӣ озод шудаанд.

Як намунаи он Фирдавс Ҳалимови понздаҳсола, сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки шаби 13-уми феврали имсол зери чархи мошини муфаттиши Бозрасии Давлатии Автомобилӣ монда, ҷон дод. Мақомот сабаби ҳодисаро “нуқси техникӣ” гуфтанд ва нисбат ба Саидмуъмин Исломов парванда боз накарданд.

Қурбоналӣ Ҳакимов
Қурбоналӣ Ҳакимов

Моҳи июли ҳамин сол ду сокини ноҳияи Восеъ зери чархи мошини Изатулло Шамсуллозода, муфаттиши додситонии Ховалинг монда, ҳалок шуданд. Мақомот ин садамаро низ “нуқси техникӣ” эълон карданд, вале муфаттишро аз кор ронданд.

Зимнан дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Моҳи июли соли 2017 дар як изҳороташ президент Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфта буд, ки дар 7 соли гузашта дар кишвар беш аз 10,5 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух додааст.

Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар мезанд. Интиқодҳо на танҳо аз ронандагон, балки аз мусофирон низ зиёд аст, ки дар фикри бехатарии худ нестанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG