Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон барои дахолат дар ҷанги Исроил ва ҲАМОС


Эрон таҳдид кардааст, ки агар мушакборони Навори Ғазза қатъ нашавад, омодаи дахолат дар ҷанги Исроил ва гуруҳи "Ҳамос" аст. Ба навиштаи нашрияи The Jerusalem Post, ҳушдори Эрон бо миёнаравии Созмони Милал ба Исроил расонда шудааст.

Артиши Исроил пешбинӣ мекунад, ки шояд Эрон ба воситаи гуруҳҳои тундраве мисли Ҳизбуллоҳ, дар ҷануби Лубнон ва Сурия барои Тел Авив "ҷабҳаи дуюм" боз кунад.

Рӯзи шанбеи 14-уми октябр Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар Бейрут бо Тор Веннесланд, ҳамоҳангсози Созмони Миллал барои ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна вохӯрд. Баъди ин Абдуллоҳиён бо Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони "Ҳамос" дар Қатар дидор дошт. Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи "Ҳамос"-ро ба Исроил, "ғалабаи таърихӣ дар фатҳи заминҳои ғасбшудаи Фаластин" номида, ваъдаи идомаи ҳамкорӣ додааст.

Ҳушдори Эрон дар бораи дахолат дар ҷанги Исроил ва "Ҳамос" дар ҳоле садо медиҳад, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даст доштани Теҳрон дар ҷанги ахирро рад карда буд.

Рӯзи 7-уми октябр баъди ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил, ҷанги нав дар Ховари Миёна даргирифт. Ин ҷанг, ки аз ҳарду тараф садҳо куштаву маҷруҳ барҷой гузоштааст, то кунун идома дорад.

XS
SM
MD
LG