Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси гумонзад ба сӯзондани Қуръон дароз шуд


Никита Журавел
Никита Журавел

Додгоҳе дар Грозний, маркази Чеченистон, муҳлати ҳабси гумонзадро ба сӯзондани Қуръон барои шаш моҳи дигар дароз кард.

Бар асоси ин қарор, Никита Журавел то 20-уми апрели соли 2024 дар ҳабс хоҳад монд.

Дар аксҳои охири ӯ, ки аз толори додгоҳ дастрас шуд, дар зери чашмаш доғи сиёҳ намудор аст.

Вакили мудофеъ Юлия Антонова хостааст, додрас Руслан Дандаев иваз карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, Дандаев чеченистонӣ ва мусалмон аст ва бинобар ин наметавонад дар баррасии қазия мунсифона амал кунад.

Додгоҳ дархостро напазируфт.

Никита Журавел дар толори додгоҳ аз мусалмонон маъзарат хостааст. Ӯро барои таҳқир кардани эҳсоси диндорон ва авбошӣ муттаҳам медонанд.

XS
SM
MD
LG