Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил ҳамлаи заминиро ба Ғазза оғоз кард


Баъд аз як ҳафта ҳамлаи ғофилгиронаи гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил, амалиёти заминии ин кишвар дар Навори Ғазза оғоз шуд.

Ба гузориши "Рейтерс", як сухангӯйи артиши Исроил гуфта, ки нерӯҳои ин кишвар бо танкҳо ва васоити дигари низомӣ дар аввал маҳалли сар додани мушакҳои "Ҳамос"-ро ёфтаву аз байн хоҳанд бурд. Сипас, ба гуфтаи ӯ, талош хоҳад шуд, иттилое дар бораи гаравгонҳо ба даст биоранд.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" дар ҳамлаҳои рӯзи шанбеи гузашта, 7-уми октябр, тақрибан 150 нафарро аз Исроил гаравгон гирифт.

Навори Ғазза 2,3 миллион аҳолӣ дорад ва то кунун садҳо ҳазори онҳо шаҳрро тарк кардаанд. Ин минтақа чанд рӯз боз аз нерӯи барқ надорад. Захираи об ва хӯроку нафт ҳам дар ҳоли тамом шудан аст.

Дар айни замон танқидҳое аз Маҳмуди Аббос, раиси идораи худгардони Фаластин садо дод, ки дар чанд рӯзи гузашта хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Вай рӯзи 13-уми октябр бо Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар Урдун мулоқот кард, аммо ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр нашуда.

Блинкен рӯзи 12-уми октябр ба Исроил расид ва дар дидор бо сарвазир Бенямин Нетаняҳу ба пуштибонии комили Амрико аз Исроил хабар дод. Вазири корҳои хориҷии Амрико дар идомаи сафараш ба Ховари Миёна, рӯзи ҷумъа ба Қатар рафт.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, рӯзи ҷумъа дар Исроил гуфт, ки ёриҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар идома хоҳад ёфт: "Мо дар тамоси наздик бо шарикони минтақаии худ ҳастем. Кумакҳои амниятии Вазорати дифои Амрико оҳиста-оҳиста ба Исроил мерасанд. Ин кумакҳо шомили муҳимот, тавоноиҳои дифои ҳавоӣ ва таҷҳизот мешавад."

Ҳоло ки амалиёти заминӣ дар Ғазза оғоз шудааст, огоҳон ба ин боваранд, ки амалиёт печида ва тӯлонӣ хоҳад буд. Шуморе аз онҳо далел меоранд, ки аз як сӯ шаҳр сохтори бисёр печида дорад ва аз ҷониби дигари “Ҳамос” нақбҳои мустаҳкаме дар он сохта, ки муқовимати болое дорад.

XS
SM
MD
LG