Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср барои гурезаҳои Ғазза долон накушод


Миср барои гурезаҳои Ғазза долон накушод, аммо интиқоли кӯмаки башардӯстонаро ба минтақа тавассути сарҳади худ баррасӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба мақомоти амниятии Миср хабар дод.

Ба иттилои ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, Миср ба он хотир барои гурезаҳои навори Ғазза долон накушодааст, ки "аз ҳуқуқи фаластиниҳо барои ҳифзи кор ва замини худ" ҳимоят кунад. Дар навори Ғазза бештар аз ду миллион одам зиндагӣ мекунад. Ба иттилои СММ, то субҳи 12 октябр 339 ҳазор кас маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд - бисёрии онҳо дар мактабҳо паноҳ бурдаанд.

Пештар ИМА гуфт, кушодани чунин долонро бо Исроилу Миср баррасӣ кардааст. Кушодани долони мазкурро гуруҳҳои башардӯстона ва намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо хоста буданд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 11 октябр гуфт, "ба Ғазза бояд маҳсулоти ҳаётан муҳим, аз ҷумла сӯзишворӣ, ғизо ва об расонида шавад".

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен "бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷанги бузургтар" вориди Исроил шудааст. Вай тасмим дорад, бо сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу ва роҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳсуд Аббос мулоқот кунад.

Дар пайи ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза буҳрони башарӣ ба вуҷуд омадааст. Дар посух ба зарбаҳои ҲАМОС ҳукумати Исроил аз муҳосираи комили Ғазза хабар дод. Исроил гуфт, интиқоли неруи барқ, маҳсулоти ғизоӣ ва обро ба Ғазза қатъ мекунад. Дар бораи он ки беморхонаҳои Ғазза аз бемор пур шудааст, ҳанӯз рӯзи шанбе хабар расида буд.

Бино ба иттилои охирин, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҲАМОС ба Исроил 1300 кас кушта шудааст, дар навори Ғазза дар пайи ҳамлаҳои Исроил теъдоди кушташудаҳо ба 1200 расидааст.

XS
SM
MD
LG