Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дар ду деҳаи водии Зарафшон мактаб сохт


Мактаб дар деҳаи Воти ноҳияи Айнӣ
Мактаб дар деҳаи Воти ноҳияи Айнӣ

Бо маблағи ҳукумати Ҷопон дар ду деҳаи дурдасти ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ мактаб сохтаанд. Сафорати Ҷопон дар хабарномае гуфт, як мактаб дар деҳаи Вота бо 90 ҳазор доллар сохта шуда, 12-уми октябр ифтитоҳ шуд.

Ба қавли манбаъ, хонандагони деҳаи Вотаи ҷамоати Урметан то ин вақт мактаб надоштанд ва барои таҳсил маҷбур буданд, ки панҷ километрро тай карда, ба деҳаи ҳамсоя раванд.

Мактаби дигар дар деҳаи Ярми ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо харҷи 92 ҳазор доллар маблағи бебозгашти Ҷопон бунёд шудааст. Ба навиштаи Сафорати Ҷопон, мактаби рақами 30 соли 1995 сохта шуда буд, вале баъди заминларзаи соли 2009 деворҳои он кафиданд ва барои ҳама хонандагон ҷойи нишаст намерасид.

Камбуди мактаб дар Тоҷикистон бахусус дар деҳоти дурдаст як масъалаи доғ аст. Аз сабаби набудани мактаб сокинони чандин деҳа маҷбуранд, роҳи зиёдро тай карда, ба деҳаҳои атроф раванд.

XS
SM
MD
LG