Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар шумо ҳам фарзанд дошта бошед, хавотир мешавед." ВИДЕО


Ин хонандагон ҳамарӯза даҳ километр роҳро тай карда ба мактаб мераванд
Ин хонандагон ҳамарӯза даҳ километр роҳро тай карда ба мактаб мераванд

Кӯдакону наврасони шаҳраки навбунёди Баҳористон дар ноҳияи Деваштич ҳар рӯз қариб даҳ километр роҳро тай мекунанд, то илму савод омӯзанд. Дар маҳалли зисти онҳо мактабе нест ва эълони он ки дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби нав кушода шуд, ба онҳо дахл надорад. Ин ҳол соли 8-ум аст, ки тағйир намекунад.

Роҳҳои пурчангу ғубор ва дашти беодам масири ҳаррӯзаи наврасони шаҳраки Баҳористон то мактаби деҳаи ҳамсоя аст. Падару модарон аз ин нороҳатанд, вале ба хотири аз таълим дур намондани фарзандонашон чунин вазъро, сахт ҳам бошад, таҳаммул мекунанд.

Табаррук Ниёзова, сокини Деваштич мегӯяд, дар зимистон вазъият бадтар мешавад.

"Зимистон дар инҷо ҳаво хеле сард аст, боду борон мешавад, барои рафтуомад бачаҳои хурдсол мушкилӣ мекашад. Мо мехоҳем, ки давлат ёрдам карда, як нақлиёти одамкашон диҳанд, бачаҳо бемалол рафта оянд, падару модар ва очаю бобо хавотир нашаванд. Агар шумо ҳам фарзанд дошта бошед, хавотир мешавед. Инҳо наврасон ҳолӣ хурд ҳастанд ва худашонро идора карда наметавонанд".

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Ин роҳ хатарнок ҳам ҳаст, зеро бачаҳо бояд ҳамчунин аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро гузаранд, ки дар он нақлиётҳои зиёд бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Сокинони инҷо мегӯянд, қариб ҳамарӯза шоҳиди садамаҳои мудҳиш дар ин масир мегарданд.

Абдуваҳҳоб Ҳоҷибоев, сокини Деваштич мехоҳад, дар роҳ ҳадди ақал як аломати гузаргоҳ насб кунанд ё истгоҳ созанд.

"Агар шумо ҳам фарзанд дошта бошед, хавотир мешавед."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Шаҳраки Баҳористон аз ҳисоби сокинони ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан соли 2015 таъсис ёфтааст. Сокинон мегӯянд, беш аз 100 хонавода дар ин маҳал аллакай иморат андохтаанд ва қисман омада зиндагӣ мекунанд. Набудани шароити хуб ба мисли обу барқу мактаб ва бунгоҳи тиббӣ аксари онҳоро дилгазон кардааст.

Абдуваҳҳоб Ҳоҷибоев, сокини Деваштич мегӯяд, набудани роҳи муносиб аз як тараф ва камбуди об аз тарафи дигар зиндагӣ дар ин деҳаи навбунёдро мушкил кардааст. "Бубинед, ҳоло сару либоси мактаббачаҳо тоза, агар камтар намӣ пайдо шавад, то зонуяш лой мешавад. Дар ин маҳалла об нест, ҳар вақт сару либосаш чиркин шавад, чь хел мешӯянд?!”.

Сокинон мегӯянд, борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, вале ба ҷуз ваъдаи имрӯзу фардо натиҷае надидаанд.

Абдулло Ҷумъаев, сокини Деваштич гуфт, дар соли нави таҳсил аз деҳаи онҳо 22 нафар ба мактаб бояд раванд ва волидайн маҷбур шуданд онҳоро бо нақлиёти шахсӣ баранд. Ба гуфтаи Ҷумъаев, ваъдаи шуъбаи маориф барои ҷудо кардани як нақлиёт барои бурда овардани хонандагон то ҳол иҷро нашудааст.

Намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ розӣ нашудан дар ин бора дар назди дурбин бо мо сӯҳбат кунанд. Вале гуфтанд, ки аз душвориҳо огоҳанд ва ҳалли онҳоро меҷӯянд. Аммо гуфта наметавонанд, ки кай мактабу дигар хадамот дастраси сокинони Баҳористон мешаванд.

хонандагон барои ба мактаб рафтан бояд аз роҳи Душанбе-Чаноқ гузаранд
хонандагон барои ба мактаб рафтан бояд аз роҳи Душанбе-Чаноқ гузаранд

Дар ҳукумати ноҳияи Деваштич ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як соли ахир 5 мактаби нави миёнаро дар деҳоти дурдаст ба истифода додаанд ва шаҳраки Баҳористон ҳам дар навбат аст. Масъулини ҳукумати ноҳия гуфтанд, масъала бо Вазорати маориф ва илм ҳам дар миён гузошта шудааст.

Дар Тоҷикистон норасоии муассисаи таълимӣ барои наврасон бахусус дар минтақаҳои дурдаст мушкили нав нест. Ҳарчанд масъулони соҳаи маориф инро тасдиқ намекунанд, вале шикоятҳо аз ҷониби волидайн зиёданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG