Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери маъруфи туркман дар Ишқобод кушта шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Блогери маъруфи туркманистонӣ Муҳаммад Маммедов шаби 4 октябр дар шаҳри Ишқобод кушта шудааст.

Тибқи иттилои расонаи "Turkmen.news", вақте блогер ҳамроҳи як дӯсташ ба хона бармегаштанд, чандин нафар ба онҳо ҳамла кардаанд.

Ҳамлагарон асосан блогерро латтукӯб кардаанд.

Ҳодиса дар маҳаллаи 11-уми Ишқобод, дар наздикии хонаи блогер рух додааст. Ҳамлагарон блогерро баъди латтукӯб ба хонааш бурдаанд. Ҷасади ӯро субҳ падараш пайдо кардааст.

Ҷасади Муҳаммад Маммедовро 6 октябр дар вилояти Ахали Туркманистон ба хок супоридаанд.

XS
SM
MD
LG