Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишкори қирғиз ба сармоягузории гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуд


Бинои КДАМ-и Қирғизистон
Бинои КДАМ-и Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 11 октябр хабар дод, ки ноиб-президенти Федератсияи куштии тарзи юнониву римиро боздошт кардааст.

Ба иттилои КДАМ, боздоштшуда дар сармоягузории аъзои гуруҳи ҷиноии Қамчӣ Колбоев гумонбар аст. КДАМ гуфт, боздоштшуда "дар фаъолияти чанде аз ширкатҳои ҳамлу нақли бор, инчунин дар ҷамъоварии "ҳақ" барои хазинаи умумии гуруҳи ҷиноӣ даст доштааст".

КДАМ аз боздоштшуда И.А.Х. ном бурдааст. Бино ба иттилои расмӣ, ноиб-президенти федератсияи куштии тарзи юнониву римии Қирғизистон аз соли 2018 Иминов Аҳрор Ҳикматиллоевич аст.

Наздикони боздоштшуда ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Қамчӣ Колбоев - соҳибнуфузи ҷиноии Қирғизистон рӯзи 4-уми октябри соли 2023 дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Бишкек кушта шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дод ва дар тиркушоии ҷавобӣ кушта шуд. Вакилаш гуфт, ба ҳарфҳои мақомот шубҳа дорад.

Иёлоти Муттаҳида соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ба унвони яке аз қочоқбарони калони маводи мухаддир дар паҳнои Шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG