Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский барои гуфтугӯ бо роҳбарони НАТО ба Брюссел рафт


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина барои гуфтугӯ бо Дабири кулли НАТО ба Брюселл рафтааст. Дар назар аст, ки Зеленский 11-уми октябр бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ва Ллойд Остин, вазири дифои Амрико мулоқот кунад.

Ҳамчунин дар ин рӯз вохӯрии вазирони дифои кишварҳои узви НАТО ва нишасти Шӯрои Украина-НАТО баргузор хоҳад шуд.

Як рӯз пеш аз ин Вазорати дифои Олмон аз бастаи нави кӯмакҳо ба Украина дар ҳаҷми 1 миллиард евро хабар дод. Аз ҷумла мақомоти Олмон гуфтанд, дар доираи кӯмакҳои нав ба Украина системаи дифоии ҳавоии "Пэтриот" ва IRIS-T, даҳҳо тонки "Леопард 1А5" медиҳанд.

Дар назар аст, ки Вазири дифои Бритониё Грант Шэппс ҳам бастаи нави кӯмакҳои низомиро ба Украина дар ҳаҷми 100 миллион фунт стерлинг эълон кунад.

Вазири дифои Белгия Людивин Дендондер хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар интиқоли ҳавопаймоҳои зарбазани F-16-ро ба Украина аз соли 2025 оғоз мекунад.

Қаблан кишварҳои ғарбӣ ба Киев ваъдаи интиқоли қариб 50 ҳавопаймои F-16-ро дода буданд.

Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, кишварҳои ғарбӣ ба Киев миллионҳо доллар кӯмаки низомӣ расондаанд.

XS
SM
MD
LG