Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

166 мусофир аз Тел-Авив ба Алмаато расидаанд


Шаби 10 ба 11-уми октябр ҳавопаймо бо 166 мусофир аз шаҳри Тел-Авиви Исроил ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон расидааст. Аз ин теъдод 124 тан шаҳрванди Қазоқистон ва 42 каси дигар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Дар Фурудгоҳи Алмаато мусофиронро пайвандонашон пешвоз гирифтаанд.

Бархе аз мусофирон воқеаҳои ахири Исроилро ба рӯзноманигорон нақл кардаанд. Ирина Дмитриенко, ки ба гуфтаи худаш дар шимоли Исроил мезист ба хабарнигорон гуфт, "Лубнон, Урдун ва Сурия дар ҳамсоягӣ қарор доранд. Ҳавопаймоҳои низомӣ доим дар парвоз буданд. Таркише набуд. Ҳама чиз дар ҳолати муқаррарӣ буд. Хонандагон мебоист ба мактаб раванд. Он ҷо мардум одат кардаанд,

Рано Сафарова дар навбати худ нақл кардааст, ки дар рӯзҳои ҳамлаи ҲАМОС вай дар ҷануби Исроил қарор доштааст. Сафарова гуфтааст, ки рӯзи 7-уми октябр мебоист, ба Қазоқистон парвоз кунад, аммо парвозро бекор кардаанд.

Вай гуфтааст, ҳангоми тирпаррониву таркишҳо бо кӯдаконаш дар паноҳгоҳ пинҳон шудааст.

XS
SM
MD
LG