Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари вохӯрии раиси порлумони Қирғизистон бо Боқиев рад шуд


Хабарҳо дар бораи мулоқоти раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев дар Белорус бо президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев воқеият надорад, гуфт сухангӯи порлумон Олтинбек Деркембоев.

"Барномаи чунин сафарҳои расмӣ аз ҷониби роҳбарони кишварҳо аз пеш тартиб ва ҳамоҳанг мешавад, хадамоти протоколии ду ҷониб якҷо кор мекунанд, аз ҳамин хотир ҳамаи мулоқотҳо ба таври боз баргузор мешаванд. Ҳамаи мо раисро ҳамроҳӣ карда будем, ба ҷуз ин кормандони сафорат дар мулоқотҳо ҳамроҳи раис буданд. Мулоқот бо Қурмонбек Боқиев анҷом нагирифтааст", - афзуд Деркембоев.

Ҳафтаи гузашта ҳайати порлумони Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Белорус рафт.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мулоқоти Шакиев бо Боқиев хабарҳое паҳн шуд.

Рӯзи 7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон инқилоб сар зад. Он замон дар гирдиҳамоии мухолифон дар назди Кохи Сафеди Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 87 кас кушта, бештар аз 100 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар натиҷаи инқилоби апрелӣ Боқиев бо хешовандонаш аз Қирғизистон фирор ва дар Белорус паноҳанда шуданд.

XS
SM
MD
LG