Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбекистонӣ Абдуқодир Муминовро дар зиндон ҷазо додаанд


Абдуқодир Муминов
Абдуқодир Муминов

Блогери узбекистонӣ Абдуқодир Муминовро, ки дар боздоштгоҳи №1-и Департаменти иҷрои ҷазои Узбекистон нигаҳ дошта мешавад, 9-уми октябр барои 10 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурдаанд. Дар ин бора модари блогер Сабоҳат Абдуллоева хабар дод.

Мақомоти зиндон гуфтанд, вай "дар вайрон кардани тартиби муассисаи ислоҳӣ" айбдор мешавад. Аммо мушаххас нагуфтанд, ки блогер кадом қоидаҳои зиндонро вайрон кардааст.

Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон 4-уми август блогер Абдуқодир Муминовро ба 7 солу 3 моҳи зиндон маҳкум кард. Додгоҳ муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва роҳбари ширкати "Oynaga qarang"-ро дар содир кардани ҷиноятҳои "Вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Вайрон кардани тартиби тиҷорат" ва "Иштирок дар додани пора" айбдор донист. Додгоҳи зинаи болоӣ ҳам ин ҳукмро бетағйир гузошт.

Аммо Абдуқодир Муминов ба модараш гуфтааст, ки дар рӯзи аввали боздошт дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи гуруҳи зудамали пулис дар раёсати пулиси шаҳри Тошканд шиканҷа шудааст.

"Нисбати ман ҳамаи навъи шиканҷаро истифода карданд. Зинда мондани ман муъҷиза аст", - гуфтааст Муминов дар суҳбат бо модараш.

Аммо масъулини додгоҳ гуфтанд, шикояти Абдуқодир Муминов дар бораи шиканҷа шудан, "тасдиқи худро наёфт."

Мурофиаи баррасии шикояти Муминов бе ҳузури фаъолон ва нозирон баргузор шудааст.

Бар асоси қарори додгоҳ, блогер бар иловаи 7 солу 3 моҳ зиндон бояд 903,4 млн. сӯм зарари маънавӣ бояд супорад.

XS
SM
MD
LG