Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як қисми низомии Қазоқистон ҷасади сарбозеро пайдо карданд


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷасади як сарбози Горди миллиро бо захми тир пайдо кардаанд. Дар хадамоти матбуотии Горди миллии Қазоқистон гуфтанд, ки "сарбоз худро аз ноҳияи сар парондааст".

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 9 октябр, соатҳои 1-и шаб рух додааст. Ному насаби сарбоз ифшо намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки сарбоз аз шаҳри Темиртау аст.

Тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, сабабҳои ҳодиса муайян карда мешавад.

XS
SM
MD
LG