Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Херсон боз як шаби ваҳшатнокро паси сар кард"


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Дар ҳамлаҳои Русия ба ҷануб ва шарқи Украина камаш 16 сокини осоишта захмӣ шудаанд.

Ҳокими вилояти Херсон гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 8-уми октябр ба ин минтақа аз ҷумла як зани 27-сола ва кӯдаки 9-моҳааш ҷароҳат бардоштанд.

"Вилояти Херсон боз як шаби ваҳшатнокро паси сар кард," -- навишт Александр Прокудин дар Telegram.

Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаи мушакии Русия ба Константиновка дар наздикии Донетск низ чаҳор нафар, аз ҷумла як духтари 9-сола, маҷруҳ шуд. Ҳамла субҳи 8-уми октябр сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Созмони Милал ва муфаттишони маҳаллӣ ҳамлаи мушакии Русияро ба Харкови Украина таҳқиқ доранд. Дар аввали ҳафтаи гузашта дар инҷо беш аз 50 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG