Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги кӯдаке дар Харкив як рӯз баъди ҳамлаи пурқурбонӣ


Як рӯз баъди кушта шудани 52 сокини Харкиви Украина, ҳамлаҳои нави Русия болои ин минтақаи воқеъ дар шимолу шарқи кишвар рӯзи 6-уми октябр сабаби кушта шудани як кӯдак гардид. Ҳамлаи дирӯза болои деҳаи Ҳроза дирӯз мудҳиштарин дар таърихи ҷанги якунимсолаи Русия дар хоки Украина гуфта мешавад.

Шаҳрдори Харкив Иҳор Терехов ва раиси вилоят Олеҳ Синеҳубов гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои шабонгоҳии 6-уми октябр як писарбачаи 10-сола куштаву нӯҳ сокини дигари шаҳри Харкив маҷрӯҳ гардиданд.

Терехов дар Телеграм каналаш навишт: “Ҷасади кӯдак дар зери овори як бинои истиқоматӣ пайдо шуд. Мутаассифона, мурда буд. Ба волидону наздиконашон изҳори тасаллият мекунем”.

Синеҳубов дар Телеграм навишт, ки бар асоси арзёбиҳои пешакӣ шаби гузашта ду мушаки “Искандар” шаҳри Киев ва ноҳияи Основянскии вилояти Харкивро, ки 1,4 миллион аҳолӣ дорад, ҳадаф қарор дод. Тасдиқи дурустии иддаои ӯ феълан имкон надорад.

Ҳамлаи ахир дар ҳолест, ки дар вилояти Харкив се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG