Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар ҳамлаи паҳбодҳо ба як донишкадаи низомӣ дар Сурия


Ҳамлаи паҳбод ё ҳавопаймои бесарнишин ба як донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Ҳимси Сурия, боиси ҳалокати дастикам 100 нафар шудааст. Ин шаҳр зери назорати нерӯҳои Башор Асад мебошад.

Вазорати дифои Сурия бо нашри баёнияе гуфт, "гурӯҳҳои террористӣ бо ҳимояти бархе тарафҳои байналмилалӣ" зӯҳри панҷшанбеи 5-уми октябр ба ҷашни хатмкунандагони донишкадаи низомӣ ҳамлаи паҳбодӣ карданд ва афроди зиёде аз низомиён, хонаводаи афсарон ва шуморе аз кормандонро кушта ва захмӣ карданд".

Як манбаи амниятии наздик ба ҳукумати Башор Асад шумори ҷонбохтагони ин ҳодисаро дастикам 100 нафар эълон кардааст.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон мебошад, гузориш додааст, ки ҳамла пас аз поёни ҷашн анҷом шуд ва дастикам 100 нафар кушта ва 125 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Як манбаи амниятӣ дар Сурия ва як манбаи амниятӣ дар Эътилофи минтақаии тарафдори ҳукумати Башор Асад дар баробари гурӯҳҳои мухолиф, ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки вазири дифои Сурия дар маросим ширкат карда буд, аммо чанд дақиқа қабл аз ҳамла онҷоро тарк кард.

Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш дод, ки ҳамла бо як паҳбоди ҳомили маводи тарканда анҷом шуд ва даҳҳо низомӣ, ғайринизомӣ, хонаводаи афсарон ва дигар кадрҳои донишкада кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.

Як шоҳиди айнӣ, ки дар раванди омодасозии ин маросим иштирок дошта, ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки ширкаткунандаҳо пас аз поёни маросим ба ҳавлии донишкада ворид шуданд ва ҳамон замон паҳбодҳо ҳамла карданд.

Вазорати дифои Сурия ин ҳамларо "ваҳшиёна ва бесобиқа" хонда, гуфтааст, ки посухи "кӯбанда" ба "террористҳо" хоҳад дод. Ин баёния ишора накардааст, ки кадом гурӯҳро масъули ҳамлаҳои рӯзи панҷшанбе медонад.

Сурия аз соли 2011 даргири ҷанги дохилӣ аст. Ҷангҳое, ки боиси кушта шудани ним миллион шаҳрванд ва оворагии ниме аз аҳолии ин кишвар шудааст.

Ҳукумати Башор Асад бо кӯмаки Эрон ва Русия назорати бахшҳое калоне аз кишварро дубора ба даст гирифт. Аммо нерӯҳои мухолиф ва исломгароҳо ҳанӯз бахшҳое аз кишварро дар даст доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG