Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирманбетова баъди як соли боздошт дар Алмато раҳо шуд


Зиуар Мирманбетова, фаъоли қарақалпоқистонӣ шоми 4-уми октябр пас аз як сол аз боздоштгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон раҳо шуд.

Зиуар Мирманбетова, фаъоли қарақалпоқистонӣ шоми 4-уми октябр пас аз як сол аз боздоштгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон раҳо шуд.

Дар ин бора Оқилбек Муродбой, намояндаи диаспораи қарақалпоқистониҳо хабар дод.

Навори дидори Мирманбетова бо хешовандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. "Ман озод шудам, як сол шиштам. Ҳолам хуб аст. Худо накунад, ки касе вориди инҷо шавад", - гуфт Мирманбетова баъди берун шудан аз боздоштгоҳ.

Мирманбетова чаҳорумин фаъоли қарақалпоқистонӣ аст, ки аз боздоштгоҳи Алмато раҳо мешавад. Миёнаҳои моҳи сентябр Райса Худойбергенова, Жангелдӣ Жаксимбетов ва Қошқорбой Торемуродов раҳо шуда буданд.

Таъқиб ва боздошти фаъолони қарақалпокистонӣ баъди ҳодисаҳои моҳи июли соли 2022 шуруъ шуд. Дар сурати истирдод ба Узбекистон фаъолонро мумкин аст ба далелҳои сиёсӣ зиндонӣ ва шиканҷа кунанд.

Дар Қарақалпоқистон моҳи июли соли 2022 ба далели тағйирот дар Конститутсияи Узбекистон ва бекор кардани мавқеи мустақили ин ҷумҳурӣ эътирозҳои оммавӣ барпо шуд. Тошканд гуфт, "неруҳои хориҷӣ" дахолат кардаанд.

XS
SM
MD
LG