Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби баргузории муҳокимаи озод дар "Парвандаи Кампиробод"


Наздикони айбдоршавандаҳои "Парвандаи Кампиробод" 4-уми октябр пушти дари Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, талаб карданд, ки муҳокимаҳои додгоҳӣ озод баргузор шаванд.

Айбдоршавандаҳо низ талаб карданд, ки барои исботи гуноҳи онҳо муҳокимаи боз доир карда шавад. Мақомот онҳоро дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор мекунанд.

Пештар аз ин вакилони дифои чаҳор сиёсатмадори Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков, Азимбек Бекназаров, Жениш Молдокматов ва Кубаничбек Қодиров, ки дар доираи "парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда буданд.

Онҳо дар номаи худ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва Маркази миллии пешгирии шиканҷа аз шароити нигаҳдории худ дар боздоштгоҳи муваққатӣ шикоят кардаанд.

Қаблан низ гумонбарони дигари парвандаи мазкур аз шароити боздоштгоҳ шикоят карда буданд. Вале масъулони Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон иддаоро рад карда, гуфтанд, "дар боздоштгоҳ ҳамаи қонунҳо риоя мешавад".

XS
SM
MD
LG