Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар Қаробоғ то ҳазор армантабор боқӣ мондааст


Дар Қаробоғи Куҳӣ аз 50 то 1000 армантабор боқӣ мондааст. Дар ин бора Созмони Милал баъд аз сафари маъмурияташ ба ин минтақа хабар дод.

Маъмурияти СММ аз ҷумла ба Степанакерт сафар кард. Дар гузориши маъмурияти СММ омадааст, ки дар шаҳр ҳеч нишонае аз тахриби иншооти мулкӣ, аз ҷумла беморхонаҳову мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти фарҳангиву мазҳабӣ дида намешавад.

"Маъмурият на аз аҳолии пурсидашуда ва на аз ҳамсуҳбатони дигар дар бораи хушунат нисбати сокинони мулкӣ баъди оташбаси охир иттилое наёфт", - омадааст дар гузориш.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бештар аз 100 ҳазор армантабор Қаробоғро тарк кардаанд. Мақомоти Арманистон ҳам дар бораи ҳамин теъдод армантабор хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG