Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба маконҳои Ҳизби Коргарии Курдистон зарба задааст


Баъд аз ҳамлаи маргталабона дар Анкара
Баъд аз ҳамлаи маргталабона дар Анкара

Вазорати мудофиаи Туркия гуфт, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба маконҳои Ҳизби Коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ зарба задаанд.

Хабаргузории курдии Rudaw навишт, зарбаҳо ба минтақаи кӯҳии Кандил дар шимоли Ироқ ва наздикии сарҳад бо Эрон зада шуданд. Кӯҳҳои Кандил, ки минтақаи мушгилгузар дониста мешавад, аз чандест, ки ба пойгоҳи Ҳизби Коргарии Курдистон табдил ёфтааст.

Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Туркия омадааст, ки ҳадафи зарбаҳо "безараргардонии Ҳизби Коргарӣ ва гуруҳҳои дигари террористӣ буд, ки мехостанд аҳолӣ ва мақомоти Туркияро нишон бигиранд".

Рӯзи якшанбе ду шахси ношинос дар наздикии бинои порлумон ва Вазорати корҳои дохилии Туркия дар шаҳри Анкара теракт анҷом доданд.

Ба иттилои расмӣ, яке аз ҳамлаварон худро тарконду дигарӣ аз сӯи пулис кушта шуд. Дар ин ҳамла ду пулис ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати Туркия ҳодисаро “амали террористӣ” номид.

Ҳизби Коргарии Курдистон гуфт, таркишро гуруҳи "Баталйони ҷовидон", ки ба ҳизб рабт дорад, анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG