Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми нафақа дар Қирғизистон боло рафт


Шуруъ аз 1 октябр дар Қирғизистон ҳаҷми нафақа 38 дарсад боло рафт. Ба ин ҳадаф аз буҷаи Қирғизистон 3,9 млрд сом ҷудо шудааст, ки дар моҳҳои боқимондаи соли ҷорӣ харҷ мешавад.

Ин болоравӣ ба нафақахӯроне дахл дорад, ки камтар аз 30 ҳазор сом дар моҳ нафақа мегиранд.

Ба ин тартиб, ба иттилои маркази матбуотии президенти Қирғизистон, баъди болоравӣ ҳаҷми миёнаи нафақа дар он кишвар 9354 сомро ташкил хоҳад дод. Пештар ин нишондиҳанда 1692 сомро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG