Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту бозпурсии наздикон баъд аз эътирози мухолифон дар Олмон. ВИДЕО


Тазоҳуроти намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон. Берлин, 29-уми сентябри 2023
Тазоҳуроти намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон. Берлин, 29-уми сентябри 2023

Эътирози тоҷикони паноҳҷӯ дар Олмон пойи хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон ба шуъбаҳои корҳои дохиливу идораи амният ва боздоштгоҳҳо кашондааст.

Дар охири ҳафтаи гузашта, 29-уми сентябр, зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин гуруҳе аз паноҳҷӯёни тоҷик дар назди маҳалли мулоқоти раҳбарони Осиёи Марказӣ бо садри аъзами Олмон тазоҳурот карданд.

"Рӯзи севум аст, ки..."

Намояндагони мухолифон мегӯянд, баъди ин тазоҳурот ва задани тухм ба мошини ҳомили президенти Тоҷикистон мақомот волидон ё наздикони дигарашонро “бурдаанд”. Аз ҷумла хешовандони Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, як фаъоли мухолифонро.

“Аз мақомоти ҷумҳурии Тоҷикистон, аз мақомоти амният ва корҳои дохилии шаҳри Панҷакент пурсиданиям, ки падару модари ман чӣ гуноҳ доранд? Апаву хоҳари ман чӣ гуноҳ доранд? Онҳоро ба чӣ гуноҳ боздошт кардед? Рӯзи саввум аст, ки онҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Панҷакент ҳастанд,” – гуфт ӯ рӯзи 2-юми октябр.

Видеоро дар инҷо бинед:

Боздошту бозпурсии наздикони мухолифон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Шикояти ба ин монандро чанд узви "Гуруҳи 24", созмони мухолифи ҳукумат, дар Фейсбук кардаанд. Бино ба эъломияи "Гурӯҳи 24", пайвандони Дилшод Шарифов, Беҳрӯз Тағойзода, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, Ҳусейн Ашӯров, Убайдулло Саидӣ ва аъзои дигари созмон дастгиру бозпурсӣ шуда, баъзе раҳо гардидаанд ва аз боқимондаҳо ҳанӯз дарак нест.

Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи чор созмони мухолиф, дар баёнияе рафтори мақомотро “гаравгонгирӣ” ва ҷиноят номид. Дар баёния аз якуми октябр омадааст, боздошти хонаводаҳои мухолифон, василаи фишор ба онҳост, то аз фаъолиятҳои сиёсиашон даст кашанд.

"Ҳар шахс барои амалҳои худаш ҷавоб мегӯяд"

Мақомот ба ин гуфтаҳо вокуниш нишон надодаанд. Дар айни замон танқид аз рафтори фаъолони мухолифони тоҷик дар Олмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нест, ки ҳангоми эътироз мақомотро “дашномҳои қабеҳ доданд” ва “як корманди сафорати Тоҷикистонро дар Олмон дар дохили ресторане латукӯб карданд”.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Ҳомиёни ҳуқуқ рафтори мақомоти интизомиро ғайриқонунӣ медонанд. Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷики муқими Аврупо, гуфт, дар қонунгузории Тоҷикистон усули ҷавобгарии инфиродӣ ҳаст. Яъне, ҳар шахс барои амалҳои худаш ҷавоб мегӯяд.

"Ба ҷавобгарӣ кашидан, фишор овардан, таҳдид кардан, ин умуман на ба Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, на ба ягон меъёри дигари қонунгузории кишвар алоқамандӣ надорад. Баръакс, бар хилофи ин талабот аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳукумат дигар роҳу воситаи муборизаи идеологиро бо мухолифон надорад,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 2-юми октябр.

Дар остонаи мулоқоти якҷояи раҳбарони Олмон бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ин кишвари аврупоӣ хост, ба сарварони Тоҷикистону Туркманистон, Узбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон гӯшзад кунад, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG