Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали панҷуми Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ. ВИДЕО


Ҳақназар Назаров. Акс аз телевизиони "Варзиш"
Ҳақназар Назаров. Акс аз телевизиони "Варзиш"

Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2023 дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст овард. Шумори медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ ба панҷ расид.

Назаров рӯзи 2-юми октябр дар вазни то 90 кило дар даври аввал ба Жамалбек Уулу аз Қирғизистон дастболо шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Коматсу Чисатои ҷопонӣ ғалаба кард. Дар даври ниманиҳоӣ аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ба ин тартиб, се медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба риштаи ҷудо ва дутоаш ба кураш марбут аст.

Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 гардиданд, муборизаро барои ҷоизаҳо идома медиҳанд.

Болтаев дар мусобиқаи мардон дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ рӯзи 3-юми октябр бо Ҳан Ҳуежен аз Чин барои медали тилло талош хоҳад кард. Самадова дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 4-уми октябр бо Карина Иброҳимова аз Қазоқистон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар байни 36 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтаанд, ҳам аз рӯи сифати нишонҳо ва ҳам аз рӯи теъдоди медалҳо дар ҷои 21-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беш аз 100 варзишгар дохил аст.

Назари баъзе аз сокинон ба дастоварди варзишгарони тоҷик дар Чин:

Аз дастоварди тоҷикон дар Бозиҳои Осиё розӣ ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрадор, медали нуқра – дуутоқа ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷраӣ тақдим мегардад.

Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 32 медал гирифтааст, ки 5-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 20-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз панҷ медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва як ададиро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG