Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Давҳа дар сохтмони “Роғун” ва ирсоли 4 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Қатар ёрӣ хост


 Акс аз khovar.tj
Акс аз khovar.tj

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мулоқоташ бо сарвазири Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ аз ин кишвари ғанӣ аз нафту гази воқеъ дар Халиҷи Форс дар анҷоми тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон дархости кӯмак кардааст.

Ба навиштаи “Ховар”, мулоқоти ин ду мақом 28 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе барпо шуд.

Завқизода дар ин мулоқот аз сарвизири Қатар хост, ки ҳукуматаш, аз ҷумла, дар “татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО-и «Роғун», лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе” мусоидат намояд.

Як дархости дигари ӯ фароҳам кардани шароити кору даромади расмӣ ваё муҳоҷирати меҳнатӣ барои чор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар хабари расмӣ вокуниш ё посухи мақоми баландпояи ҳукумати Қатар дар ин замина нашр намешавад.

Тоҷикистон ва Қатар июни имсол дар ҷараёни сафари давлатии Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе дар заминаи ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва робитаҳои фарҳангиву башарӣ ба мувофиқа расиданд. Дар Душанбе бо сармоягузрии давлати Қатар бузургтарин масҷид сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG