Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 созишнома, 9 ёддошти тафоҳум – ҳосили сафари амири Қатар ба Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

Панҷ созишнома, нуҳ ёддошти тафоҳум ва як барномаи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар – натиҷаи сафари давлатии Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе.

Шайх Тамим зуҳри 8-уми июн вориди Тоҷикистон шуд. Пас аз пешвози расмӣ дар Қасри Миллат мулоқоти як ба яки ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт.

Сипас ҳайатҳои ду тараф гуфтушунид доштанд. Дар он вазъи феълии ҳамкориҳо ва дурнамои он баррасӣ гашт.

Ҷонибҳо гуфтанд, рушди ин ҳамкориҳо ба заминаи густардаи ҳуқуқӣ ниёз дорад. Ин замина қарор аст, ҳамкории бештари ду давлатро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва робитаҳои фарҳангиву башарӣ фароҳам орад.

Барои ин чанд тарафҳо чанд ҳуҷҷатро имзо карданд.

Қатар кишвари сарватманди арабист ва дар минтақа аз таъсири вижа бархурдор аст. Толибон, ки ҳоло дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳукумат мекунанд, аз солҳо дар Қатар дафтари корӣ доштанд.

Аз масҷид то созишнома. Ҳосили сафари амири Қатар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG