Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷоғу бинияш шикаста буд." Як оила дар Суғд адолат мехоҳад. ВИДЕО


Фарҳод Ҷалилов 44 сол дошт
Фарҳод Ҷалилов 44 сол дошт

Аъзои як хонавода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мегӯянд, ки писарашон, Фарҳод Ҷалилов, бар асари латукӯби ҷавоне маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон бохт ва бояд сабабгорони марги ӯ ҷазо гиранд. Маъмурони милиса гуфтанд, як кас дастгир шуд. Тарафи дигари баҳс гап задан нахост.

Мамлакат Обидова
Мамлакат Обидова

Латукӯби Фарҳод Ҷалилов 23-юми августи имсол дар Бозори марказии шаҳри Истаравшан рух додааст. Ӯ дар инҷо ба аробакашӣ машғул буд. Рӯзи 27-уми август дар бемористон ҷон дод.

Мамлакат Обидова, модари Фарҳод Ҷалилов, рӯзи ҳодисаро чунин ба ёд овард: "Рафта дидам, ки аз даҳону бинияш хун мешорад. Фарёд зада гуфтам, ки ба бачаам чӣ шуд? Се милиса омада гуфтанд, ки ба Шуъба баред. Ҷоғу бинияш шикаста буд."

Ба нақли пайвандонаш, Фарҳод Ҷалилови 44-сола бо ароба нон мекашонд ва дар иваз аз масъулони нонпазхона маош мегирифт. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи ҳодиса баъзе аз харҷҳояшро напардохтаанд ва ҷанҷол аз инҷо сар задааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Модар мегӯяд, писари аробакашаш аз латукӯб ба ҳалокат расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Ба гуфтаи Мамлакат Обидова, "гуфтааст, пули обро диҳед, надодаанд. Вақте дашном додаанд, писарам низ ҷавоб гардондааст. Баъдан ӯро задаанд. Худи писарам дар бемористон гуфт, ки “очаю бача дастамро қапида ба семент заданд.”

Бозори марказии шаҳри Истаравшан
Бозори марказии шаҳри Истаравшан

Маъмурони милиса ҳодисаро таҳқиқ доранд. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса як ҷавони 25-сола дастгир шудааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар мақомот, Тураи Алӣ, писари молики нонпазхона дар Бозори марказии Истаравшан, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ гумонзад аст. Банди 110, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва банди 237 – авбошӣ. Иттиҳоми аввал аз панҷ то ҳашт соли зиндон ва банди дуввум ҷарима ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Барои фаҳмидани мавқеи тарафи дигар ба суроғашон рафтем. Аммо онҳо омода нашуданд, ки дар рӯбарӯйи дурбин гап зананд. Танҳо ҳаминро гуфтанд, ки писарашон ҳоло дар боздоштгоҳ аст ва таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

Наздиконаш мегӯянд, Фарҳод Ҷалилов тақрибан бист сол боз дар Бозори марказии Истаравшан аробакашӣ мекард. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ягона ноновари хона буд ва ҳоло мунтазири хулосаи мақомот нишастаанд.

Ин ягона ҷанҷоли лафзие нест, ки боиси марги сокинон мешавад. Моҳи майи имсол Муҳаммадалӣ Акрамов, пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе, дар хархашае бо ронанда ва пулчинаки хатсайри рақами 28 сахт зарба хӯрду пас аз ҷарроҳии косахонаи сар ва як ҳафта беҳушӣ ҷон дод. Мақомот ҷавони пулчинакро боздошт ва нисбати ӯ низ бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парванда кушоданд. Маълум нест, ки ин ҷавон чӣ ҷазо гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG