Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди вазири пешин парвандаи нав боз шудааст


Аристонбек Муҳаммадиулӣ
Аристонбек Муҳаммадиулӣ

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ, ки бо ҷурми дуздии пулҳои буҷет 8 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст, дубора ба додгоҳ ҳозир шуд.

Ба зидди вазири пешин парвандаи нав боз шудааст

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулӣ, ки бо ҷурми дуздии пулҳои буҷет 8 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст, дубора ба додгоҳ ҳозир шуд.

Ба зидди Муҳаммадиулӣ бо бандҳои “Суистифода аз ваколат” ва “Ғасби рейдерӣ" парвандаи нав боз кардаанд.

Парванда ба фаъолиятҳои Муҳаммадиулӣ ба ҳайси мудири Осорхонаи миллии шаҳри Остона рабт дорад.

Тибқи маводи парванда, Аристонбек Муҳаммадиулӣ талош кардааст, ки меҳмонхонаи "Diplomat"-ро дар шаҳри Остона соҳиб шавад. Вай гуё аз молики меҳмонхона, собиқ консули фахрии Қазоқистон дар Индонезия Серик Каримсаков хостааст, ки ҳамаи саҳмияҳои "Diplomat"-ро ба номи модарарӯсаш гузаронад. Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон иттиҳомро рад мекунад.

Муҳаммадиулӣ 28-уми майи соли 2022 ба гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷет ҳабс ва моҳи июни имсол 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вай аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG