Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон як миллиардери арманиро ҳабс кард


Рубен Варданян
Рубен Варданян

Додгоҳе дар Озарбойҷон Рубен Варданян, миллиардер ва собиқ роҳбари ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба муддати чор моҳ ба ҳабс гирифт. Мақомоти озарӣ ӯро ба маблағгузории терроризм, ташкили гуруҳи мусаллаҳ ва убури ғайриқонунии марз муттаҳам мекунанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Озарбойҷон дар хабарномае гуфт, алайҳи Рубен Варданян, шаҳрванди 55-солаи Арманистон "дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда" бо се иттиҳом парванда кушодаанд. Вале мақомоти озарӣ ҳеч далелеро барои исботи ин ҳарфҳо пеш наовардаанд. Назари Варданян ҳам феълан маълум нест.

Рубен Варданян 27-уми сентябр замоне боздошт шуд, ки мехост аз Қарабоғи Куҳӣ ба Арманистон гузарад. Ӯро дар гузаргоҳи Лочин боздошт ва ба Боку интиқол доданд.

Рубен Варданян зодаи Ереван, муассис ва молики собиқи ширкати сармоягузории Русия "Тройка Диалог" мебошад. Соли 2021 Forbes дороии ӯро 1 миллиард доллар арзёбӣ карда буд. Варданян соли 2022 аз шаҳрвандии Русия даст кашид ва гуфт, мехоҳад ба Қарабоғ кӯч бандад. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2022 то феврали 2023 дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ вазир буд.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон, ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ таслим шуд.

XS
SM
MD
LG