Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Тошканд як нафар ҳалок ва даҳҳо кас захмӣ шудааст. ВИДЕО


Дар таркиши анбори назди Фурудгоҳи Тошканд, як навраси 16-сола ҷон бохта, 163 каси дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбекистон хабар додааст.

Вазорати тандурустии Узбекистон хабар додааст, ки осебдидагони ин ҳодиса ба бемористонҳо интиқол шуданд. Вазорат гуфтааст, ҷароҳатҳои осебдидагон ҷиддӣ нест ва табибон ба онҳо ҳама кумакҳои тиббии заруриро расонидаанд.

Ба иттилои Вазорат, ба 138 каси дигар ёрии аввалияи тиббӣ расонда, онҳоро ба хона ҷавоб додаанд.

Соати 2:43-и шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ, дар анборҳои ширкати "Интер Логистикс" воқеъ дар наздикии Фурудгоҳи Тошканд таркиш рух дод. Кумита гуфтааст, "ба ҷойи ҳодиса 16 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ сафарбар шуда, соати 2:48 ба хомӯш кардани сӯхтор ва рафъи оқибатҳои он шурӯъ карданд."

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон мегӯяд, дар робита ба ҳодиса, бо банди “вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор” парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, садои таркиши қавӣ шунида мешавад. Тибқи гузоришҳо, бар асари ин таркиш тирезаҳои манзилҳои истиқоматӣ, дӯконҳо ва биноҳои дигар шикастаанд. Аз наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки сокинони атрофи фурудгоҳ аз садои таркиш ваҳшатзада шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи "дар натиҷаи суқути ҳавопаймо рух додани ҳодиса"-ро рад кардааст.

Ширкати Uzbekistan Airports ҳам хабар додааст, ки таркиш ба кори Фурудгоҳи Тошканд таъсир нарасондааст ва фурудгоҳ ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG