Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои СПАД дар Қирғизистон тамрин мегузаронанд


Неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз 9 то 13 октябр дар Қирғизистон тамрини низомӣ мегузаронанд. Дар ин бора вазири дифои Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои Вазорати дифои Қирғизистон, вазир Бактибек Бекболотов ва сардори ситоди неруҳои СПАД Анатолий Сидоров омодагиҳо ба тамрини “Дӯстии шикастнопазир-2023”-ро баррасӣ кардаанд.

Аммо хабар дода нашудааст, ки аз шаш кишвари узви СПАД неруҳои кадом кишвар дар ин тамрин ширкат хоҳанд кард. Моҳи октябри соли гузашта дар пайи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Бишкек тамрини СПАД-ро дар қаламраваш бекор кард. Ин тамрин баъдан дар Тоҷикистон гузашт.

Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои ин созмони зери нуфузи Маскав ҳастанд.

Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Мавҷи танқидҳо бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешавад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян борҳо аз кори СПАД норозигӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG