Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси даъвати ҷавонон ба артиш дар ҷаласае дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мавзӯи даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон дар ҷаласае дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Баҳси даъвати ҷавонон ба артиш дар ҷаласае дар Душанбе

Мавзӯи даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон дар ҷаласае дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Нишасти раисҷумҳури Тоҷикистон бо баъзе аз намояндагони ҳукумат ва раҳбарони идораҳои қудратӣ рӯзи 27-уми сентябр паси дарҳои баста гузашт.

Азбаски ба чунин ҷаласаҳо хабарнигорони мустақил роҳ намеёбанд, ҷузъиёташ пинҳон мемонад.

Ба хабари расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ва ҳарчи беҳтар таъмин намудани хидматчиёни нерӯҳои мусаллаҳ бо сару либос ва хӯрок таъкид кардааст.

Даъвати ҷавонон ба артиш аз аввали моҳи октябри имсол оғоз шуда, то аввали декабр идома хоҳад кард.

Мақомот ҳамвора аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд, аммо мардум аз афзудани мавридҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат бо тарзҳои нав хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG