Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо кас дар таркише дар Қаробоғи Куҳӣ


Дар натиҷаи таркиши анбори сӯзишворӣ дар Қаробоғи Куҳӣ камаш 68 нафар кушта шудааст. Пештар дар бораи ҷон бохтани 125 нафар хабар дода мешуд.

ТАСС, хабаргузории давлатии Русия, аз қавли ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Куҳӣ Гегам Степанян иттилоъ дод, ки дар ҳодиса 105 тани дигар захмӣ гашт.

Дар Вазорати тандурустии Арманистон гуфтанд, изҳороти раҳбари ин ниҳод Анаит Аванесян дар бораи берун бурдани 125 ҷасад аз Қаробоғ ба ин таркиш рабт надорад.

"Вазир теъдоди умумии ҷасадҳоеро эълон кард, ки аз Қаробоғ ба Арманистон бурда шуданд", - иқтибос овардааст "Медуза" аз пойгоҳи "24News”.

Манбаъ афзуда, ки 67 осебдидаи дигар дар бемористони шаҳри Ереван бистарӣ ҳастанд ва вазъи бештари онҳо вазнин гуфта мешавад.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикиҳои шаҳри Степанакерт, ки дар онҷо ба гурезаҳои озими Арманистон бензин тақсим мекарданд, шаби гузашта рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, мошини бензинкаш таркидааст. Сабабҳои таркиш феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG