Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар як ҷашни арӯсӣ дар Ироқ


Ниҳодҳои тандурустӣ дар вилояти Найнаво дар шимол-ғарби Ироқ мегӯянд, бар асари сӯхтор дар як толори ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Ҳамадония камаш 100 нафар ба ҳалокат расида, 150 каси дигар захмӣ шудаанд. То ин дам дар бораи шумори ҷонбохтагони сӯхтор омори гуногун нашр шудааст.

Ҳасан Ал-Аллоқ, муовини раиси вилояти Найнаво, ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, марги дастикам 113 нафар дар ин ҳодиса таъйид шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳилоли Аҳмари Ироқ теъдоди қурбониён ва захмиёни ҳодисаро 450 нафар эълон кардааст.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтааанд, сӯхтор шоми сешанбе дар як толори ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Ҳамадония дар шарқи Мавсил рух дод. Гуфта мешавад, наздик ба ҳазор нафар дар ин маросими арӯсӣ ҳузур доштанд.

Расонаҳои ироқӣ мегӯянд, тибқи хабарҳои аввал, бинои толори арӯсӣ аз масолеҳи сохтмонии бисёр қобили дар гирифтан сохта шуда буд, ки ба зуд фурӯ рехтани он сабаб шудааст.

Тибқи гузоришҳо, сӯхтор пас аз шурӯи оташбозӣ дар маросими арӯсӣ оғоз шуд. Гуфта мешавад, ки домод ва арӯс дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, садҳо нафар дар толор машғули ҷашн ва пойкӯбӣ буданд, ки бинои толор ҳудуди соати 22:45 ба вақти маҳаллӣ оташ гирифт.

Бар асоси баёнияҳои расмӣ, нерӯҳои мададрасон, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва табибон ба маҳалли ҳодиса фиристода шуданд.

Дафтари нахуствазири Ироқ дар шабакаи иҷтимоии "X" навишт, ки нахуствазири ин кишвар ба мансабдорон гуфтааст, "ҳама нерӯҳоро барои ёрӣ ба осебдидагони ин ҳодисаи фоҷеабор фиристанд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG