Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов хабарҳоро дар бораи "Кампиробод" шарҳ дод


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) хабарҳоро дар бораи сармоягузорӣ шудани лоиҳаи интиқоли оби ошомиданӣ аз обанбори Кампиробод ба Фарғона аз сӯи Чин шарҳ дод.

Вай рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" гуфт, обанбори Кампиробод сад дарсад дар ихтиёри Узбекистон аст ва соли гузашта мушкили вобаста ба он дар баробари мушкилоти марзӣ ҳал шудааст.

Ба гуфтаи Ҷабборов, Қирғизистон ва Узбекистон ҳоло ин иншоотро бо шартҳои баробар идора мекунанд. Ӯ афзуда, ки Қирғизистон танҳо даҳ дарсади оби Кампирободро истифода мекунад ва боқии он ба Узбекистон меравад.

"Ба саволи муҳимтарин таваҷҷӯҳ мекунам. Оё барои мо фарқ дорад, ки ҷониби Узбекистон оберо, ки аллакай ба он кишвар ҷорӣ мешавад, чӣ гуна дастрас мекунад? Тавассути қубур, ҷӯйбор ё ҳаво? Масъалаи асосӣ ин аст, ки ҳамаи корҳо миёни ҷонибҳо мувофиқа шудааст. Дӯстии узбекон ва қирғизҳо минбаъд таҳким меёбад", - изҳор доштааст ӯ.

Чанде пеш ширкати чинии "SINOMASH" хабар дод, ки мехоҳад, дар иҷрои тарҳи интиқоли оби обанбори Кампиробод ба шаҳри Фарғонаи Узбекистон ёрӣ кунад.

Узбекистон ва Қирғизистон соли 2022 созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро имзо карданд. Ин обанбор дар сарҳади ду кишвар ҷойгир аст.

Созишнома дар Қирғизистон боис ба эътирозҳои оммавӣ шуд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, ки мақомоти Қирғизистон "заминҳои ин кишварро ба Узбекистон додаанд". Дар пайи ин эътирозҳо дар Қирғизистон парвандаи ҷиноие боз шуд, ки дертар номи "Парвандаи Кампиробод"-ро гирифт. Дар доираи он наздик ба 30 сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоиро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG