Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон воридоти гази Русияро аз аввали октябр оғоз мекунад


Узбекистон тасмим гирифтааст, ки воридоти гази Русияро аз 1-уми октябри имсол оғоз кунад.

"Тибқи нақша, интиқоли гази Русия ба Узбекистон аз 1 октябр оғоз мешавад. Ҳамаи зербиноҳо ва лӯлаҳои интиқолӣ барои қабули газ омода ҳастанд", - гуфтаанд дар Вазорати энержии Узбекистон ба хабаргузории русии ТАСС.

Қаблан Ширкати "QazaqGaz" хабар дода буд, ки интиқоли гази Русия ба Узбекистон тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" аз моҳи октябри имсол оғоз хоҳад шуд.

Ҳукумати Узбекистон эълом кард, ки ба хотири бурунрафт аз буҳрони энержӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мехоҳад, аз Русия газ харад. Вазорати энержии Узбекистон 19 июл гуфт, солона аз Русия 2 миллиарду 800 миллион газ хоҳанд харид ва он талаботи кишвар ба газро "қисман рӯйпуш мекунад". Вале мақомоти узбек намегӯянд, ки бо кадом нарх аз Русия газ мехаранд.

Узбекистон дар миёни кишварҳое, ки ба Чин газ мефурӯшанд, дар мақоми 5-ум қарор дорад. Тибқи иттилои Оҷонси омори Узбекистон, ин кишвар дар шаш моҳи аввали имсол дар маҷмуъ ба маблағи 278 миллиону 400 ҳазор доллар ба хориҷ гази табиӣ фурӯхтааст.

Тибқи омори расмии Пекин, 73 дарсади гази содиршудаи Узбекистонро дар нимсолаи аввал Чин харидорӣ кардааст. Узбекистон моҳи апрели имсол хабар дода буд, ки содироти газро ба Чин дубора оғоз карда, дар ин моҳ ба маблағи 40,5 миллион доллар ба он кишвар газ фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG