Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ аз Қазоқистон хост, шеваҳои Кремлро "рӯйбардор" накунад


Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ) аз дохил шудани номи баъзе аз рӯзноманигорон, расонаҳо ва созмонҳои пуштибони матбуот ба рӯйхати "дарёфткунандагони сармояи хориҷӣ" дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмон 21-уми сентябр бо нашри изҳороте гуфт, мақомоти Қазоқистон бояд аз нашри маълумоти шахсии рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар даст кашанд.

Ҳамчунин ба онҳо иҷоза диҳанд, ки бидуни тарс аз таъқиб барои иртибот бо созмонҳои хориҷӣ ва маблағгузорӣ аз хориҷ озодона фаъолиятҳои худро анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи масъулони CPJ, шомилшавии рӯзноманигорон, расонаҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар ба рӯйхати шахсони воқеиву ҳуқуқие, ки мақомоти қазоқ онҳоро "сармоягиранда аз хориҷ" меноманд, ба равандҳое хеле монанд аст, ки давоми даҳсолаи ахир дар атрофи қонуни "агентҳои хориҷӣ"-и Русия мушоҳида мешавад.

Созмон гуфтааст, уҳдадориҳои байнулмилалие, ки Қазоқистон ба зимма гирифтааст, аз он талаб мекунанд, то фавран аз нашри маълумоти шахсии рӯзноманигорон, расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи башар даст кашад.

Вазорати молияи Қазоқистон бори аввал феҳристи "агентҳои хориҷӣ"-ро нашр кард, ки ба он 240 шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дохил шудааст. Миёни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва намояндагии ширкатҳои хориҷӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG