Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости як сенатори амрикоӣ дар бораи Қаробоғи Кӯҳӣ


Гари Питерс дар раъси як ҳайати Конгресси Амрико ба сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон рафтааст
Гари Питерс дар раъси як ҳайати Конгресси Амрико ба сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон рафтааст

Як сенатори амрикоӣ барои баррасии вазъият дар Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишаи Озарбойҷону Арманистон, хоҳони фиристодани нозирони байнулмилалӣ ба онҷо шуд.

Гари Питерс дар раъси як ҳайати Конгресси Амрико ба сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон рафтааст.

Вай рӯзи 23-юми сентябр ба хабарнигорон гуфт, дар мавриди ончи дар Қаробоғи Кӯҳӣ мегузарад, "бисёр нигарон аст".

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони ҷудоиталаби арманӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки дар ҳоли иҷрои созиш бо мақомоти Озарбойҷон ҳастанд.

Қаробоғи Кӯҳӣ, ки сокинонаш асосан арманӣ мебошанд, пас аз ҳамлаи густурдаи низомии Озарбойҷон ба тасарруфи Боку даромад. Ҳамла рӯзи 19-уми сентябри имсол шуруъ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG