Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Душанбе-қадами дигар барои муттаҳидшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ?


Роҳбарони Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Роҳбарони Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз рӯи теъдоди нишастҳои ҳошияӣ бепешина буд. Дар фарҷоми он панҷ санад ба имзо расиданд.

Коршиносони кишварҳои минтақа ба раванди мусбат дар иҷмои кишварҳо ишора мекунанд, аммо ба якпорчагии минтақавӣ назари хушбинона надоранд.

Нишасти ғайрирасмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 15-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, панҷумин нишаст буда, даври аввали дидори гуфтугӯҳо дар чунин сатҳро ба поён расонд. Баргузор намудани нишаст дар пасманзари ҷанги Русия ва Украина, рӯёрӯии Ғарб ва Чин ва боло гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ин онро ҷолиби таваҷҷуҳ кард.

Ба андешаи коршиносон, фишурдагии кишварҳои минтақа дар байни қувваҳои геополитикӣ бояд боиси ниҳодина шудани ҳамкории минтақавӣ шавад. Аз ин назар, маҳфилҳои коршиносии муайян аз нишасти ғайрирасмии Душанбе тасмимҳои бесобиқа интизор доштанд.

Натиҷаҳои ин ҷаласа агарчи тамоми интизороти ҳомиёни ҳамгироии минтақаиро бароварда накард, аммо бори дигар масири сарони кишварҳои минтақаро ба самти наздик шудан ва густариши ҳамкориро таъйид кард.

Пешниҳоди иштирокчиён ва натиҷаҳои нишаст

Бахши расмии гуфтугӯ ба масоили амниятӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои обу барқ ва ҳамлу нақл ихтисос дода шуд. Сарони кишварҳо аз теъдоди ташаббус барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуфтугӯ дар мавриди амният, расидан ба мавқеи ҳамсон дар мавриди Афғонистон, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя дар бахши обу барқ ва ғайра хабар доданд.

Коршиносон ба тасвиби ойинномаи Шӯрои ҳамоҳангкунандаҳои миллӣ барои нишастҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони гоми муҳим дар самти ниҳодинасозии ҳамкориҳо ишора мекунанд. Илова бар ин санад, мавридҳои зер низ дар ин иҷлос ба тасвиб расиданд:

  • Баёнияи муштарак дар поёни ин нишаст;
  • Мувофиқатномаи тақвияти равобити ҳамлу нақли заминӣ дар Осиёи Марказӣ;
  • Тавофуқ дар мавриди ҷиҳатгирии куллии сиёсати ҷавонон;
  • Нақшаи кор дар бораи самти умумии сиёсати ҷавонон;
  • Нақшаи кор барои ҳимоят аз саломатӣ ва рифоҳ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025.

"Пас аз нишасти Душанбе метавон гуфт, ки ҷаласа аз бархе ҷанбаҳо муваффақиятомез буд, аммо дар бархе ҷанбаҳоро комилан муваффақ набуд. Интизороти мо ба таври комил бароварда нашуд, аммо бо ин вуҷуд изҳороти ҷолибе вуҷуд дошт, ки умедҳои хосе эҷод мекунад, ки кишварҳо бо омодагии бештаре барои тасмимгириҳои муҳим ба нишасти баъдӣ наздик шаванд," - мегӯяд сиёсатшинос аз Узбекистон Фарҳод Толипов.

Фарҳод Толипов
Фарҳод Толипов

Ӯ пешниҳоди Мирзиёевро дар бораи баргузор намудани дидорҳои доимӣ намунаи хуб ном мебарад.

Ҳаракат ба сӯи ҳамгироӣ?

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар мақолаи худ дар мавриди нишасти Душанбе менависад, ки бори аввал дар ҳошияи ин нишаст наздик ба 50 рӯйдод аз нишастҳои коршиносӣ то гуфтугӯ дар сатҳи вазирони кишварҳои ширкаткунанда баргузор гардид. Ба бовари ӯ, ин нишонаи ҷиддияти нияти кишварҳо дар масири ҳамкориҳои минтақавӣ аст.

«..Нишасти Душанбе баёнгари он гардид, ки кишварҳо дар эҷоди ниҳоди минтақавӣ шитоб надоранд ва аз таҷрибаи собиқаи худ баҳра гирифтаанд. Чун сохторсозии қолаби ҳамгироии минтақавӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ нишон медиҳад, ки агар замина барои ҳамкориҳои воқеӣ ва ба ҳам омадани хоставу манфиатҳои кишварҳо сурат нагирад, беҳтарин андеша ва иқдом ҳам самара намедиҳад", - таъкид мекунад коршинос.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Ба унвони мисол ӯ ба Иттиҳодияи Осиёи Марказии соли 1994 ишора мекунад, ки баъдан ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ тағйир кард ва сипас Ташкилоти ҷомеаи Осиёи Марказӣ шуд ва соли 2005 ба таври комил аз байн рафт.

Манофеи муштарак ва тазодҳо

Яке аз вижагиҳои ин нишаст иштироки раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев буд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро барои истифода аз зерсохтори ҳамлу нақли кишвари худ даъват кард.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки сарони кишварҳои минтақа тавоноиҳои худро ба таври ҳушёрона баҳогузорӣ мекунанд ва барои ҳамгироии сареъ талош намекунанд.

"Мо ҳеч яке тасмими бесобиқаро дар поёни ҷаласа мушоҳида накардем. Онҳо ҳанӯз дар ҳоли тавофуқ дар мавриди як рӯйкарди куллӣ барои масирҳои ҳамлу нақл ҳастанд, аммо роҳҳалҳои хосе ҳанӯз дида намешаванд. Дар кулл мавқеи кишварҳои минтақа мутафовит аст, ба ҳамгироӣ аз диди гуногун менигаранд ва зарурати нигоҳ ба Маскав ҳам дар миён аст”, - мегӯяд коршинос.

Илҳом Алиев дар Душанбе
Илҳом Алиев дар Душанбе

Коршиносон омили аслии иттиҳод ва ҳамзамон ихтилоф дар Осиёи Марказиро масъалаи истифодаи зерсохторҳои обиву барқӣ, ҳамлу нақл ва мавқеи кишварҳо дар баробари Афғонистон (аз ҷумла масъалаи сохтмони канали Қуштепа дар дарёи Ому, ки амнияти дастикам се кишварро таҳдид мекунад) унвон мекунанд.

Дар нишасти охирин ҳамаи ин мавзуҳо ба унвони фурсатҳое барои ҳамкориҳои минтақаӣ матраҳ шуд. Раиси ҷумҳури Узбекистон бо ишора ба мавзуи бунёди канали Қуштепа пешниҳод кард, ки як гуруҳи тамос дар сатҳи намояндагони вижа барои Афғонистонро ба манзури эҷоди гуфтугӯи ҳамоҳанг бо ҷониби Афғонистон дар масъалаи амнияти марзӣ, истифода аз об ва тиҷорат эҷод шавад.

Фарҳод Толипов таъкид мекунад, ки чунин ташаббус ҳосили нишасти муқаддамотии сарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон буда ва дар чорчӯби эъломи Душанбе эълом шудааст. "Чунин кори муштарак ба мо ин имконро медиҳад, ки умедвор бошем дар мавриди мушкилоти об ва Афғонистон кишварҳои минтақа ба оромӣ ба эҷоди як мавқеи муштарак наздиктар мешаванд", - ҳадс мезанад ҳамсуҳбати мо.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG