Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои ду созишнома ва ду санади ҳамкорӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Роҳбари Озарбойҷон ҳам ба ин ҷаласа даъват шуда буд
Роҳбари Озарбойҷон ҳам ба ин ҷаласа даъват шуда буд

Дар поёни нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ду созишномаи нав имзо шудааст. Ҷузъиёти созишномаҳо дар бораи “таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ” ва "самтҳои умумии сиёсати ҷавонон" нашр нашуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр гуфт, дар умум чаҳор санад имзо карданд. Ду ҳуҷҷати дигар "дар бораи шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ" ва "нақшаи роҳ барои солҳои 2023-2025 дар заминаи саломатии мардум" аст.

Дар суханронии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи мушкилот дар равобити ҳамдигар тақрибан ҳарфи наве садо надод.

Кишварҳои минтақа бар сари масоили марз ва савдо бо ҳам мушкилиҳои зиёде доранд. Аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз наметавонанд ба аломатгузории марз поён диҳанд ва ин вазъ боиси сар задани муноқишаҳои хунин шуд. Бишкек марзи худро ба рӯи Душанбе баста ва додугирифти ду кишвар ночиз шудааст.

Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам бар сари дармондани мошинҳои боркаш дар марз бо ҳам нофаҳмӣ доранд. Аммо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Душанбе бештар ба ҳарфҳои умумӣ дар бораи густариши ҳамкориҳо иктифо карданд.

Дар изҳороти муштарак гуфта шуд, ки ҷонибҳо талош мекунанд баҳсу ихтилофҳоро аз роҳи сиёсӣ ҳал кунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, роҳбарони панҷ кишвари ОМ масъалаи Афғонистонро ҳам баррасӣ карданд. Ба қавли ӯ, ҳамаи онҳо тарафдори як ҳукумати фарогири миллӣ дар Афғонистон ҳастанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ҳадди ақал аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Толибон хабар доданд, ҳарчанд онро ба расмият намешиносанд.

Саммити Душанбе. Дар рӯзи аввал чӣ гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

XS
SM
MD
LG