Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнагарон ба маълумотҳои садҳо мусофир дар Русия дастрасӣ ёфтанд


Рахнагарон ё ҳакероне, ки гӯё ба манфиати Украина кор мекунанд, ба махзани маълумотҳои як ширкати билетфурӯшӣ дар Русия дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин бора бунгоҳи "Важные истории" бо такя ба телеграм канали рахнагарони KibOrg хабар додааст.

Дар махзани ширкати "Сирена-Трэвел", маълумотҳои мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва суғуртаи онҳо аз соли 2007 то 2023 гирдоварӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин кори як гурӯҳ рахнагарони Muppets аст, ки бо KibOrg алоқамандӣ доранд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин гурӯҳ ба ягон ҳукумат ё ниҳодҳои истихборотӣ иртибот дорад ё не.

Рахнагарон маълумотҳои пайдокардаашонро дар интернет паҳн кардаанд.

"Важные истории" менависад, аз миёни далелҳое, ки рахнагарон ба даст оварданд, дар бораи парвозҳои собиқ вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнайсл маълумот пайдо кардааст. Кнайсл феълан дар Русия зиндагӣ мекунад.

Дар махзани "Сирена Трэвел", ки рахнагарон ба даст оварданд, маъумот дар бораи фурӯши тамоми билетҳо дар Русия, аз қайд гузаштан, суғурта, хатсайр, рақами парвоз, нархи билет, рақами телефон ва дигар маълумотҳои мусофирон ҳаст. Рахнагарон навиштаанд, нияти дар интернет паҳн кардани ҳамаи маълумотҳои ба даст овардаашонро надоранд.

XS
SM
MD
LG