Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо кӯдак дар Узбекистон заҳролуд шудаанд


Вазорати тандурустии Узбекистон
Вазорати тандурустии Узбекистон

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, аҳволи кӯдакони заҳролудшуда дар вилояти Намангон беҳтар шудааст. Рӯзи 21-уми сентябр дар ноҳияи Чусти ин вилоят бо гумони заҳролудшавӣ 71 кӯдак дар бемористон бистарӣ карда шуд.

Мақомоти Узбекистон то ҳол нагуфтаанд, ки сабаби заҳролудшавии кӯдакон чист.

Вазорати тандурустии Узбекистон 22-юми сентябр дар хабарномае гуфт, ин ниҳод қазияи заҳролудшавиро зери "назорати қатъӣ гирифтааст."

"Ҳамаи кӯдаконе, ки ба беморхонаи ноҳиявӣ қабул шуданд, табобати заруриро мегиранд. Барои муайян кардани ташхиси ниҳоӣ, дар асоси талаботи муқарраршуда намунаҳо гирифта ва муоина карда мешаванд",-омадаст дар хабарномаи Вазорат.

Рӯзи 21 сентябр бо шикоят аз ҳарорати баланд, дарди меъда, дилбеҳузурӣ кӯдакон аз 9 мактаб ва ду боғча ба беморхона муроҷиат карданд.

XS
SM
MD
LG