Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан чӣ гуна ба Корея рафт ва онҷо чанд пул кор мекунад? ВИДЕО


Ҳасан мегӯяд, ҳашт сол боз дар Корея кор мекунад
Ҳасан мегӯяд, ҳашт сол боз дар Корея кор мекунад

Кор дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва ҷангал, танҳо чанде аз номгӯи машғулиятҳоест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳанд. Ин кишвар ки дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст, солҳои ахир ба масири нави кории зодагони Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бар пояи ҳисобҳои гуногун ҳоло беш аз 5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Ҳасан Маҳмадуллозодаи 32-сола аст. Ӯ дар ин давлат ҳамчун муҳоҷири мавсимӣ нони фарзандонашро пайдо мекунад ва нозукиҳо корро аз худ кардааст. Ҳасан дар Корея ба буридани дарахт машғул аст.

Баъди оғози ҷанг дар Русия ва таҳриму афзоиши фишорҳо ба муҳоҷирон, таваҷҷӯҳи корҷӯён ба бозори кор дар Корея бештар шуд. Бархе бо истифода аз шаҳрвандии Русия вориди ин давлат шудаанд. Гурӯҳи дигар бо визаи сайёҳиву омӯзишӣ ва ё тариқи ширкатҳо барои кор ба ин кишвар мераванд. Роҳи қаҳрамони мо ба Корея 8 сол пеш боз шудааст.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

"Корея хуб аст, вале пеши фарзандон беҳтар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:58 0:00

Барои корҷӯёни тоҷик дастрас кардани раводиди сафар ба Корея мушкил аст. Тоҷикистон бо ин кишвар ҳоло созишнома оиди кори тӯлонии муҳоҷиронро надорад. Аксаран ба тоҷикон визаи аз 3 то 6 моҳа дода мешавад. Қаҳрамони мо мегӯяд, дар Корея моҳе ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5ҳазор доллар даромад мегирад. Аммо ба гуфтаи ӯ , онҳое ки забони кореягиро медонад метавонанд аз 3 ҳазор доллар низ бештар ҳақмузд бигиранд. Масрафот барои иҷораи хона ва хурду хӯрок ҳам гарон набудааст.

Меҳмоннавоз ва хушмуомилаву варзишдӯстор. Қаҳрамони мо аз мардуми Корея ҳамин тавр ситоиш мекунад. Ӯ мегӯяд,муҳоҷир дар ин кишвар аксаран дар ҳолате ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад, ки сафар ва кораш ғайрирасмӣ бошад.

Барои Ҳасан, кору иқомат, дар Корея,ки яке аз давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, омӯзанда будааст.

Дар тӯли ин солҳои муҳоҷират, қаҳрамони мо тавонистааст, барои худаш дар ватан хона бунёд кунад, ҳарчанд иқрор меварзад,ки сохтмони манзилаш ҳанӯз нотамом аст. Ва ҳар бор, хонаву наздиконашро дар Тоҷикистон бо бори гароне бар дӯш тарк мекунад.

Қаҳрамони мо барои онҳое, ки нияти сафар ба Кореяи Ҷанубиро доранд, тавсия медиҳад, ки талош кунанд пеш аз ҳама забони ин давлатро аз худ намоянд ва ҳам қонунӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ кунад. Аммо барои худаш орзу дорад, ки ҳарчӣ зудтар қулфи ҷудоӣ бишканаду дар канори фарзандонаш бошад. Ба қавли ӯ, "дар меҳмонӣ хуб аст, вале дар ватан беҳтар."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG