Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон мераванд


Олмон
Олмон

Ҳафтаи оянда дар шаҳри Берлин мулоқоти президентҳои Осиёи Марказӣ ва раиси ҷумҳури Олмон баргузор мешавад.

Ба хабари сомонаи президенти Олмон, Френк Валтер Штейнмайер ва роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон субҳи 29-уми сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ҳанӯз мавзӯи гуфтугӯҳо нашр намешавад ва мақомоти Тоҷикистон ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи барномаи сафар чизе нанавиштаанд.

Мулоқот бо раҳбари кишвари муҳими аврупоӣ дар ҳоле барпо мешавад, ки 19 сентябр раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк дар доираи мулоқоти С5+1 бо президенти ИМА Ҷо Байден мавзӯи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду амният ва соҳибкориро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG