Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз намояндагони мухолифин дар Арманистон


Андраник Теванян
Андраник Теванян

Андраник Теванян, яке аз намояндагони ҳаракати мухолифи "Модари Арманистон"-ро дар шаҳри Ереван боздошт кардаанд.

Расонаҳо менависанд, вай дар яке аз кӯчаҳои Ереван ҳангоме боздошт шуд, ки талош дошт, бо ҳамсафонаш кӯчаро бандад.

Ба ҷуз аз Теванян, пулис 26 эътирозгари дигарро боздошт кардааст.

Як рӯз пеш, дар гирдиҳамоӣ дар майдони Республикаи Ереван, Андраник Теванян аз эътирозгарон даъват кард, ки рӯзи ҷумъаи 22 сентябр назди бинои ҳукумат ҷамъ шаванд ва биноро ба муҳосира гиранд ва ба ин тартиб иҷозаи баргузории ҷаласаи ҳукумати иҷроияро надиҳанд.

"Шуруъ аз фардо ва то замоне, ки мо барканории Никол Пашинянро ба даст наорем. Шуморо бовар мекунонам, ки бо талошҳои муштарак ин кор дар фурсати кутоҳе, ҳатто дар давоми чанд рӯз амалӣ мешавад", - гуфт Теванян.

Рӯзи панҷшанбеи 21 сентябр дар майдони Республикаи Ереван гирдиҳамоии эътирозӣ зидди таслимшавии Қарабоғи Куҳӣ идома кард. Миёни эътирозгарон ва пулис задухӯрд сурат гирифт.

Дар натиҷа 46 эътирозгар боздошт шуд.

Вазген Мануян, сарвазири пешини Арманистон дар гиридҳамоии дирӯза аз шуруъи нофармонии умумӣ хабар дод ва аз сокинони сартосари Арманистон даъват кард, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG