Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон тирандозии сарбозонаш ба неруҳои Русияро тасдиқ кард


Аз соли 2020 неруҳои Русия дар Қарабоғи Куҳӣ мустақар шуданд
Аз соли 2020 неруҳои Русия дар Қарабоғи Куҳӣ мустақар шуданд

Додситонии кулли Озарбойҷон тасдиқ кард, ки мошини сарбозони Русия дар Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи сарбозони озарбойҷонӣ тирборон шудааст. Ба иттилои додситонӣ, дар ин ҳодиса, ки 20-уми сентябр рух дод, шаш сарбози неруҳои посдори сулҳи Русия кушта шуданд.

Додситонии Озарбойҷон гуфт, рӯзи 20 сентябр дар минтақаи Ҷанятаг (Ҷанкатах)-и Қарабоғи куҳӣ, низомиҳои Озарбойҷон сӯи мошине оташ кушоданд, ки дар он панҷ низомии Русия менишастанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, ба далели "туман ва ҳавои боронӣ" мошини мазкур "иштибоҳан" ҳамчун мошини "неруҳои ғайриқонунии арманиҳо" баҳо дода шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамон рӯз мошини "Камаз"-и марбут ба низомиҳои Русия аз сӯи "силоҳбадастони арманӣ" тирборон шудааст. Дар натиҷа як низомии Русия кушта ва яке дигар ҷароҳат бардоштааст. Тасдиқи дурустии хабар феълан аз тариқи манбаъҳои мустақил имконпазир нест.

Додситонии кулли Озарбойҷон аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Гурӯҳе аз низомиёни рус қаблан гуфтанд, ки корвони мошинҳои онҳо ҳангоми кӯчонидани мардуми маҳаллӣ тирборон шуданд. Ба иддаои як ҳамшираи шафқат, ки бо бахши армании Радиои Озодӣ сӯҳбат кардааст, низомиёни рус аз сӯйи сарбозони Озарбойҷон тирборон шудаанд. Боку он вақт инро рад карда буд, аммо ҳоло тасдиқ мекунад, ки неруҳои Озарбойҷон ба тарафи сарбозони Русия оташ кушоданд.

Рӯзи 21 сентябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин дар робита ба марги сарбозони Русия дар Қарабоғи Куҳӣ узрхоҳӣ кард. Артиши Озарбойҷон 19-уми сентябр аз оғози амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Куҳӣ хабар дод. Ин амалиёт рӯзи 20-уми сентябр ба анҷом расид ва намояндагони Озарбойҷон ва Қарабоғ дар шаҳри Евлох гуфтугӯ карданд.

Бар асоси тавофуқи соли 2020, нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Куҳӣ ҷой дода шуданд.

XS
SM
MD
LG