Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбар шудани як посбон дар оташ задани бинои Донишгоҳи Хуҷанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини Хуҷандро барои қасдан оташ задани бинои таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд муттаҳам кард. Як манбаи Радиои Озодӣ субҳи 22-уми сентябр гуфт, ки ин фард ба ҳайси посбон дар донишгоҳ кор мекард.

Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор шаби 19 ба 20-уми сентябр рух дод ва 400 метри мураббаъро дар бар гирифт. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, дар пайи таҳқиқи аввалия маълум гардидааст, ки бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қасдан оташ зада шудааст.

Ин ниҳод меафзояд, ки "пас аз хомӯш кардани сӯхтор ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини шаҳри Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст”.

Аз Раёсати Донишгоҳ гуфтанд, ки ин фард ба ҳайси посбон кор мекард.

Маълум нест, ки ин посбон барои чӣ муассисаи олиро оташ задааст ва ҳодиса чӣ гуна ба амал омадааст. Назари худи ӯ ҳанӯз дар ин бора рӯшан нест. Мақомот ҳам шарҳ надоданд ва таъкид намуданд, ки тафтишот сабаби оташ задани бинои донишгоҳро муайян хоҳад кард.

Ҳанӯз хисороти ниҳоии сӯхтор муайян карда нашудааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд калонтарин муассисаи олии шимолӣ Тоҷикистон буда, дорои 8 бинои таълимист.

XS
SM
MD
LG