Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Озарбойҷон ва Қарабоғ ба анҷом расид


Натиҷаи ин музокирот ҳанӯз эълон нашудааст
Натиҷаи ин музокирот ҳанӯз эълон нашудааст

Гуфтугӯи намояндагони Озарбойҷон ва Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 20-уми сентябр дар шаҳри Евлох ба поён расид.

Музокирот дар бораи ояндаи Қарабоғ баъд аз таслим шуданаш буд. Дар бораи натиҷаи он хабар дода намешавад. Дар ҷараёни музокирот намояндагони расонаҳои байнулмилалӣ ҳузур надоштанд.

Саҳифаи Public of Artsakh дар Телеграм навишт, ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро дар ин музокирот собиқ роҳбари ҳизби "Озодии ватан" ва вазири феълӣ Артур Арутюнян намояндагӣ кард. Аз тарафи Озарбойҷон вакил Рамин Мамедов гуфтугӯ кард, ки моҳи марти соли 2023 “шахси масъул барои тамос бо сокинони арманӣ”-и Қарабоғи Кӯҳӣ таин шуда буд.

Намояндагони Қарабоғи Кӯҳиро нерӯҳои посдори сулҳи Русия ҳамроҳӣ карданд.

Пештар хабар расида буд, ки дар мулоқот "масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки аз ҷониби Озарбойҷон пеш гузошта шудаанд". Инҳо якпорчасозии ҷомеаи арманҳои Қарабоғ, таъмини ниёзҳои аҳолии Қарабоғи Кӯҳӣ дар доираи Конститутсияи Озарбойҷон ҳастанд.

Ин маънои онро дорад, ки дар ояндаи наздик ҳамаи ҳудуди Қарабоғи Кӯҳӣ таҳти назорати Боку хоҳад даромад.

Баъд аз ду рӯзи даргирӣ, 20-уми сентябр, намояндагони Қарабоғи Кӯҳӣ аз оташбас хабар доданд. Намояндагони Қарабоғ амалан ба ҳама шартҳои ҷониби Озарбойҷон розӣ шуданд. Вазорати дифои Озарбойҷон дар бораи таваққуфи “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Қарабоғ хабар дод.

Артиши Озарбойҷон рӯзи 19-уми сентябр амалиёти низомиро дар Қарабоғи Куҳӣ сар кард. Амалиёт баъд аз таркише шуруъ шуд, ки Боку онро кори “гурӯҳҳои харобкори арманӣ" номид. Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳодиса чанд сарбози озарӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG