Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз рафтори Толибон дар боздоштгоҳҳо интиқод кард


Занони Афғонистон борҳо алайҳи иқдомҳои сахтгиронаи Толибон эътироз кардаанд
Занони Афғонистон борҳо алайҳи иқдомҳои сахтгиронаи Толибон эътироз кардаанд

СММ гуфт, садҳо мавриди шиканҷа ва "дигар ваҳшонияту рафтори ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф"-и инсонро сабт кардаанд, ки аз ҷониби Толибон – ҳокимони имрӯзаи Афғонистон ба ҳангоми боздошту ҳабси шахсонии ҷудогона роҳ дода мешавад.  

Гузориши UNAMA – Дафтари СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон рӯзи 20 сентябр нашр шуд ва дар он аз 1600 ҳолати нақзи ҳуқуқи инсон гузориш шудааст, ки ҳадди аққал нисфи ин ҳолатҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо мегӯяд. Дар ин гузориш инчунин дар бораи марги 18 нафар дар боздошт ҳам далел оварда шудааст. Ҳолатҳои қонуншиканӣ январи соли 2022 то охири июли соли 2023 дар ҳудуди 29 вилояти Афғонистон рух додаанд. Панҷ вилоят берун аз гузориш мондааст.

Волкер Турк, раҳбари Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар изҳороте, ки ҳамроҳ бо гузориш нашр шуд, гуфт, “ҳодисаҳои латукӯб, истифодаи электрошокер, шиканҷа дар об ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмонаву бешарафона, инчунин, таҳдид алайҳи шахсон ва оилаҳои онҳо даҳшатовар аст. Шиканҷа ба ҳар шакл ва шароит манъ мебошад”.

Ӯ афзуд, "шиканҷа ҳамчунин ба ҳайси як василаи гӯё босамари анҷоми тафтишот истифода мешавад. Ман аз ҳама мақомоти дахлдор тақозо мекунам, ки барои хатми чунин азияту озор тадбирҳо андешида, муҷримонро ба ҷавобгарӣ бикашанд”.

Дар вокуниш ба гузориши нашркардаи UNAMA, Вазорати корҳои хориҷии Толибон маводи дар ин гузориш нашршударо зери суол бурда гуфт, ки барои беҳтар шудани риояи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳҳо иқдомҳое ба роҳ мондааст.

Аз замони сари қудрат баргаштани Толибон августи соли 2021 Толибон, ки гурӯҳи тундрав ба шумор меравад, пайваста барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахт дар заминаи ҳуқуқу озодиҳо, саркӯби бераҳмонаи мунаққидонаш ва ҳам шеваи бераҳмонаи низоми додгустрӣ танқид мешавад.

Дар ин гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки тахминан аз 10 ҳолат як ҳолати вайрон кардани қонун ва ҳуқуқ ба занон дахл дорад. Дар ин гузориш ҳисоб шудааст, ки чоряки ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон марбут ба намояндагони ҷомеаи маданӣ мебошад.

Айни замон, UNAMA менависад, ки онҳо танҳо ҳолатҳои санҷидашударо ҳисоб кардаанд, дар ҳоле, ки ҳодисаҳои бисёри дигари вайрон кардани ҳуқуқи инсон берун аз ин гузориш мондааст ва омори нашршуда қатрае дар об буда, тамоми мавридҳоро дар бар намегирад.

XS
SM
MD
LG